Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Академияи синемои ИМА довталабони яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳои олами синамо “Оскар”-ро эълон кард.

Ба иттилоъи ҳакамон, барои унвони филми беҳтарин чанд асар, аз ҷумла филми “Ин ҷо барои пиронсолон ҷой нест” (филми бародарон Коэнҳо), филми “Нафт” (дар бораи марде, ки дар Калифорния нафтро ҷустуҷӯ мекард), қиссаи британиёӣ дар бораи муҳаббат ва ҷанг “Ҷуброн”, қиссаи ҳуқуқӣ “Майкл Клейтон” ва чанд филми мазҳакавӣ, сабқат мекунанд.
Дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ асарҳои таҳиягарони Русия, Қазоқистон, Лаҳистон, Утриш (Австрия) ва Исроил пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, филми Никита Михалков “12”, ки дар асоси асари синемоии клоссикии Сидни Люмет “12 марди хашмгин” рӯи навор омадааст. Коргардони дигари рус Сергей Бодров ин дафъа филмаш “Муғул”-ро пешниҳод кардааст ва аммо ин асар чун филми тавлиди Қазоқистон пешбарӣ шудааст. Ин асар пурра ба забони муғулӣ ба навор гирифта шудааст ва дар бораи солҳои аввали зиндагии таъсисдиҳандаи имперотурии паҳновари муғулҳо Чингизхон нақл мекунад.
Барои дарёфти “Оскар” дар бахши “таҳиягари беҳтарин” Итан ва Ҷоел Коенҳо, Пол Томас Андерсон, Ҷейсон Райтман, Тонӣ Гилрой ва Ҷулиан Шнабел мубориза мебаранд.
“Оскар” барои нақши беҳтарини мардона ба яке аз ин довталабон – Ҷорҷ Клуни, Даниел Дей Люис, Ҷони Депп, Томми Ли Ҷонс ё Виго Мортенсон – супурда хоҳад шуд.
Миёни довталабони ҷоизаи “Оскар” барои беҳтарин нақши занона Кейт Бланшет, Ҷулӣ Кристӣ, Элен Пейҷ, Марион Котияр ва Лона Линнӣ ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Кейт Бланшети австралиягӣ ҳамчунин барои дарёфти ҷоизаи “Оскар” дар бахшҳои “нақши асосии занона” дар филми “Маликаи Елизавета” ва ҳам нақши дувумдараҷаи занона дар филми “Ман онҷо нестам” низ пешбарӣ шудааст.
Қарор аст, ки маросими супурдани ҷоизаҳои “Оскар” 24-уми феврал дар Ҳоливуд доир гардад.
XS
SM
MD
LG