Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комбахш дар таҳқири ислом муттаҳам шуд


Дар Афғонистон як донишҷӯи бахши хабарнигорӣ бо иттиҳоми пахши маводи зиддиисломӣ ба эҳдом маҳкум шудааст. Ба иттилоъи Фозил Ваҳҳоб, раиси додгоҳи вилояти Балх донишҷӯи 23 сола Сайёд Парвиз Комбахш аз Интернет маводеро ҷамъ овард, ки онҳо хилофи шариати ислом буданд. Ӯ ин маводро бо устодон ва ҳамсабақҳояш дар донишгоҳ баррасӣ кард ва аммо ба зудӣ боздошт шуд.

Наздикони маҳкумшуда ба Додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат карданд. Иттиҳодияи хабарнигорони Афғонистон ҳукми додгоҳро маҳкум кард ва аз раисиҷумҳур Ҳомид Карзай хост, ки ба ин қазия дахолат кунад.
XS
SM
MD
LG