Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Майамӣ Падилларо равонаи зиндон кард


Шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида Хосе Падилла бо қарори додгоҳи Майамӣ бо иттиҳоми даст доштан дар терроризм ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Соли гузашта Падилла, ки исломро қабул карда буд, дар пуштибонӣ аз терроризм ва кӯшиши куштору одамрабоӣ муттаҳам шуда буд. Гуфта мешавад, ки Падилла ҳамчунин дар талоши созмони "Ал-Қоида" барои инфиҷори, ба истилоҳ “бами ифлос” дар Амрико низ даст дорад.

XS
SM
MD
LG