Пайвандҳои дастрасӣ

Сабти номи Касянов зери суол қарор гирифт


Комиссиюни Марказии интихоботи Русия хабар дод, ки мавзӯъи сабти номи Михаил Касянов - номзади мухолифин ба мақоми раисиҷумҳурро рӯзи 27 январ баррасӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи масъулини Комиссиюн, ҳангоми тафтиши имзоҳои пешниҳодкардаи номзад тақрибан 400 ҳазор имзои тақаллубӣ ошкор шудааст, ки тақрибан 15 дар сади ҳамаи имзоҳоро ташкил медиҳад. Тибқи қавонини Русия, бо ифшои беш аз 5 дар сади имзоҳои тақаллубӣ Комиссиюни Марказии интихобот ҳақ дорад аз сабти номи номзад ба мақоми президентӣ худдорӣ кунад.

Худи Михаил Касянов изҳор дошт, ки аз сабқати президентӣ канор андохтани ӯ ангезаи сиёсӣ хоҳад дошт ва аз додситонии кулли Русия талаб кард, то ҳодисаҳои марбут ба фишор болои ҷонибдоронаш дар манотиқи гуногуни кишварро тафтиш кунад.

XS
SM
MD
LG