Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз натоиҷи нишасти Берлин қаноатманд аст


Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, аз натоиҷи нишасти раҳбарони сиёсати берунаи шаш кишвари олам, ки дар он барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шуд, қаноатманд аст. Дар ин нишаст дар Берлин ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Русия, Чин, Фаронса ва Олмон таҳри нави қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал оид ба Эронро баррасӣ карданд. Сергей лавров гуфт, ки тарҳи нав аз тарҳи қаблан пешниҳодкардаи кишварҳои ғарбӣ тафовути зиёд дорад ва дар он ягон таҳрими шадид алайҳи Теҳрон пешбинӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG