Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори саҳҳом ба вазъи пешин бармегардад


Дар бозори саҳҳоми Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ин субҳ болоравии чашмраси қимати бурсҳо ба назар расид. Дар биржаи Никкейи Ҷопон тайи 15 дақиқаи аввали хариду фурӯши бурсҳо қимати онҳо 3 дар сад боло рафт. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ин аввалин нишони рафъи бӯҳрони марбут ба пойинравии индекси бурсҳо дар бозорҳои саҳҳоми Осиёст- дирӯз дар Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Ҳонконг, Чин ва Тайван индекс ё шохиси баҳра аз чаҳор то шаш дар сад пойи рафт. Гуфта мешавад, беҳбуди вазъ ба он марбут аст, ки дирӯз Бонки Марказии Иёлоти Муттаҳида қимати баҳраи аслии бонкиро то сеяк фоиз кам кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG