Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар тибқи натоиҷи назархоҳии Форуми иқтисодии ҷаҳон ва Донишгоҳи Ҷорҷтауни ИМА, ҷудоӣ миёни Ғарб ва Ислом дар ҳоли афзоиш аст.

Ин назархоҳӣ дар 21 кишвар анҷом гирифтааст ва дар он ҳазор нафар ширкат ҷустаанд. Ҳам Ғарб ва ҳам ҷаҳони ислом иддаъо мекунанд, ки тарафи дигар ба фарҳангу тамаддуни онҳо эҳтиром қоил нест. Дар ҷаҳони ислом ҷанги панҷсолаи Ироқро таҷовузи Амрико ба ин кишвар арзёбӣ мекунанд. Яке дигар аз сабабҳои афзоиши хусумати миёни Ғарбу ислом муноқишаҳои миёни Исроилу Фаластин дониста мешавад. Тазоҳуроти эътирозии соли гузашта баъд аз чопи аксҳои масхараомези Муҳаммад - паёмбари ислом дар рӯзномаҳои баъзе аз кишварҳои аврупоӣ сабаби дигари аз миён бурдани эътимоди миёни Ғарбу ислом будааст ва мусулмонон онро тавҳин ба ислом арзёбӣ кардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва коршинос дар умури исломӣ, нукоти аслии гузоришро таъйид кард ва гуфт, муносиботи миёни Ғарбу Ислом ҳеҷ гоҳ мисли имрӯз душвор ва шадид набудааст. Вай афзуд, вазъи кунунӣ дар муносиботи Ғарб ва ҷаҳони ислом шояд душвортарин марҳалаи тамоми таърихи муносибатҳои дуҷониба бошад. Хеле ҳам ҷои таассуф аст, ки ҳар ду ҷониб то ҳол роҳи баромад аз ин ҳолатро пайдо накардаанд. Албатта, кушишҳо ҳаст, эҳсос мешавад, ки баъзе доираҳо, ба хусус доираҳои дипломатӣ ва доираҳои илмӣ ҳар чӣ зудтар аз пайи баромадан аз ин бӯҳрон ҳастанд, - мегуяд ӯ.

Ба қавли оқои Кабирӣ, аз ҷониби Ғарб имрӯзҳо тасмим дар дасти доираҳои хеле ҳам тундрави сиёсии ба истилоҳ неоконсервативҳо ҳаст, ки онҳо ҳам дар якҷоягӣ бо доираҳои низомӣ ҳарфи аввал ва охирро мезананд. Дар олами ислом тамоми ташаббус дар дасти доираҳои тундраве, ки маъруф ба доираҳои тундрави мазҳабӣ ҳастанд ва ё дар дасти диктотурҳои дунявӣ ҳаст, ки ин ду гуруҳ ҳарфи аввал ва охирро ба намояндагӣ аз олами ислом мезананд ва ҳар ду ҷониб дар чунин шароит хеле ҳам аз эҳтимол дур аст, ки як роҳи ҳали муносибро пайдо кунанд.

Ба гузориши Форуми иқтисодии ҷаҳон ва Донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрико, ки зери номи "Ҷаҳони ислом ва Ғарб" ба нашр расидааст, аксарияти пурсидашудагон бовар надоранд, ки бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб муноқишаҳои низомӣ пеш нахоҳад омад. Албатта, эътимод ё адами боварӣ аз як кишвар то кишвари дигар фарқ дорад. Масалан, дар гузориш гуфта мешавад, ҳукумати Эрон, ки барои барномаҳои ҳастаиаш бо Ғарб дар ҳолати руё руии шадид қарор дорад, мардумаш гуфтаанд, ки аз кишварҳои Ғарбӣ чандон танаффур надоранд, дар ҳоле, ки туркҳо нибат ба кишварҳои ғарбӣ бештар танаффур нишон додаанд, зеро ба назари баъзеҳо гуё Ғарб сабаби аз узвият боздоштани Туркия дар Иттиҳоди Аврупо шудааст.

Дар Арабистони Саъудӣ, ва Покистону Эрон, ки матбуъоти Ғарб дар мақолаҳои худ онҳоро бештар ба бунёдгароии мазҳабӣ иртибот медиҳад ва имкони бархурди тамаддунҳоро истисно намедонад, танҳо шумораи ночизи аҳолии ин кишварҳо гуфтаанд, ки Ғарб ва Ҷаҳони ислом дар ҳолати муноқиша қарор доранд. Дар кишварҳои аврупоӣ аз афзоиши муҳоҷирати мусулмонон изҳори нигаронӣ кардаанд ва гуфтаанд, дар натиҷаи муҳоҷират ва афзоиши шумораи мусулмонон хатари ислом ба фарҳанги онҳо ба вуҷуд хоҳад омад.

Аз сӯи дигар, дар Амрикову Исроил ва ва кишварҳои ҷаҳони ислом бар ин ақидаанд, ки гуфтугуи ҷонибҳо ва равобит ба бҳбуди азъ кумак мекунад. Вале кишварҳои аврупоӣ назари баръакс доранд ва мегуянд, аз чунин гуфтугуҳои миёни Ғарбу ҷаҳони ислом суде ба даст намеояд ва зарари он бештар хоҳад буд. Муҳиддин Кабирӣ, таҳлилгари тоҷик дар умури исломӣ, мегуяд, назарияпардозиҳо аз ҳар ду ҷониб вуҷуд дорад, вале барои беҳбуди вазъ то ҳол роҳҳои қобили қабули ҳар ду ҷониб пешниҳод нашудааст. Вай афзуд, доираҳои солими ҳам Ғарб ва ҳам олами исломӣ, ба хусус доираҳои илмӣ, то ҳол ҷуръати пешниҳоди як роҳи ҳалли муносиб ва қонеъкунандаи ҳар ду ҷонибро накардаанд. Албатта, ҳарфҳо ҳаст, баҳсҳо ҳаст, вале ҳануз ҳам ин баҳсҳо, ин тарҳҳо тоба ҳадди тарҳи ҷонибҳо дар миён гузошта нашудааст.

Дар гузориши гуфта мешавад, ки дар силсилагузоришҳои солҳои оянда фаъолияти ҳукуматҳо ва шахсиятҳои бозаргониву мазҳабӣ ва ҳамчунин матбуъот дар заминаи беҳбуди муносиботи Ғарбу ҷаҳони ислом низ зери пушиш гирифта хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG