Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Маскав ба Киев


Вазорати хориҷаи Русия ҳушдор дод, ки узвияти эҳтимолии Украина дар ҳайати паймони низомии НАТО ба равобити Маскаву Киев таъсири ҷиддӣ хоҳад гузошт. Изҳороти мазкур чанд рӯз баъди он садо дод, ки Украина гуфт, омода аст музокироти мутаваққифшударо дар ин мавзӯъ аз сар бигирад ва ба "Барномаи узвият"-и НАТО ҳамроҳ шавад. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки дар сурати амалишавии ин нақшаҳо, тадбирҳои заруриро хоҳад андешид, ҳарчанд тавзеҳ надод, ки иқдоми Маскав аз чӣ иборат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG