Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳузури Канада дар Афғонистон бояд тамдид шавад"


Як камиссиюни мустақил дар Канада гуфт, ин кишвар бояд ҳайати низомии худро дар ҷануби Афғонистон таҳти раҳбарии НАТО тавсеа дода, аз ҳукумат тақозо кунад, ки таҷҳизот ва муҳимоти бештари ҷангӣ ба ин кишвар фиристода шавад. Ҳайати феълии сарбозони канадаӣ, ки аз 2500 нафар иборат мебошанд, қарор аст, то феврали соли 2009 дар Афғонистон хизмат кунанд. Ҳукумати Канада ҷонибдори тавсеаи шумори нирӯҳояш дар Афғонистон аст, аммо ҳизбҳои мухолифин, ки дар парлумон аксариятро ташкил медиҳанд, мухолифи нигаҳдошти нирӯҳои миллии кишварашон дар манотиқи ҷангзада ҳастанд. Сухани охиринро дар ин замина бояд парлумон гӯяд.
XS
SM
MD
LG