Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми номзадҳои ҷоизаи Оскар эълон шуд


Алорағми номуайяниҳо дар масъалаи баргузор шудани маросими супурдани ҷоизаи Оскар барои беҳтарин филмҳои сол, ки бо сабаби эътирозҳои нависандаҳои Ҳолливуд пеш омадааст, имрӯз исми номзадҳои аслӣ барои бурдани ин ҷоизаи бонуфуз эълон шуд. Ду филм барои якбора 8 ҷоизаи Оскар пешбарӣ шудааст, ин намоишномаҳои "Барои пиронсолон ҷое нест" ва "Хунрезӣ хоҳад шуд" мебошад. Дар миёни номзадҳои беҳтарин ҳунарпешаҳои сол исмҳои Ҷорҷ Клуни барои филми "Майкл Клейтон", Дениэл Дейл Люис барои "Хунрезӣ хоҳад шуд" ва Ҷонни Деп барои мюзикли "Сартароши шайтон" бурда шудааст. Дар миёни занҳои ҳунарпеша Кейт Бланшет барои филми "Элизабет" ва Мерион Котиланди фаронсавӣ барои иҷрои нақши Эдит Пиаф пешбарӣ шудаанд. Дар маросими эъломи номзадҳои Оскар имрӯз дар Беверли Ҳиллзи Калифорния ҳунарпешаи амрикойӣ Кети Бейтс роҷеъ ба беҳтарин филмҳои хориҷии номзади имсолаи Оскар чунин гуфт:

"Дар бахши филмҳои беҳтарини хориҷӣ чунин намоишномаҳо дохил шудаанд: филми "Бифорт" аз Исроил, "Пули ҷаълӣ" аз Австрия, "Кетин" аз Лаҳистон, филми "Муғул"-и сохтаи Қазоқистон ва "12"-и Русия".

Дар миёни коргардонҳои беҳтарини сол исмҳои Пол Томас Андерсон ва Ҷоэл ва Этан Коэн пешниҳод шудаанд.

XS
SM
MD
LG