Пайвандҳои дастрасӣ

Поиншавии нархи баҳраи бонкӣ дар Амрико


Нигарониҳо аз ин ки поинравии бозори саҳҳом дар саросари ҷаҳон ба иқтисоди ИМА таъсири манфӣ мерасонад, боис шуд, ки Бонки Марказии ИМА нархи баҳраи аслии бонкиро то сеяк фоиз кам кард. Ин як иқдоми бисёр ҷиддӣ буд, ки дар таърихи навини Амрико дар давоми як рӯз гирифт шуд. Бонки марказӣ гуфт, ки нишондоди захираҳои федеролиро аз 4,25 дар сад то 3,5 дар сад коҳиш медиҳад. Вазири молияи Амрико Ҳенри Полсон аз чунин иқдом ситоиш кард ва гуфт:

"Ба фикри ман ин як иқдоми созанда аст ва ба ин кишвар ва дигар бахшҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки бонки марказии мо чусту чолок буда тавони андешидани тадбирҳои фаврӣ ва вокуниши сареъро ба шароити бозор дорад ва ба фикри ман бояд ин иқдом боиси эҷоди эътимод дар бозор шавад".

Ин дар ҳолест, ки имрӯз қимати саҳҳом дар саросари ҷаҳон бо нигарониҳо аз имкони бадшавии вазъи иқтисодии Амрико боз ҳам поинтар рафт.
XS
SM
MD
LG