Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо аз камбуди барқ


Сардиҳо ва бебарқӣ сокинони биноҳои чандошёнаро сангин кардааст

Сардиҳо ва бебарқӣ сокинони биноҳои чандошёнаро сангин кардааст

Сокинони шаҳри Чкалов ва Хуҷанд бо ирсоли як муроҷиъатнома аз раисҷумҳури Тоҷикистон тақозо кардаанд, то ба ҳалли мушкили бебарқӣ дар Суғд расидагӣ кунад.

Дар муроҷиъатнома омадааст, ки устони Суғд, ба хусус шаҳри Чкалов, имрӯзҳо ба як буҳрони шадиди энергетикӣ рӯ ба рӯст ва мардум аз набуди барқ ва газ дар манзилҳои зисти худ сахт азоб мекашанд ва саломатии худро аз даст медиҳанд. Ба навиштаи муаллифони ин нома, дар як тайи ҳафтаи ахир чанд нафар дар шаҳри Чкалов ба таъсири сардӣ нобуд шудаанд.

Дар зери ин муроҷиъатнома, ки нусхаҳои хаттиву электронии он ба дафтари радиои Озодӣ дар Душанбеву Хуҷанд низ супурда шудааст, 193 сокини шаҳри Чкалов ва Хуҷанд имзо гузоштаанд.

Мо ба хотири огоҳ шудан аз ҳоли сокинони шаҳри Чкалов имрӯз, 22 январ, аз ин шаҳр дидан кардем. Як сокини шаҳри Чкалов, ки исми худро Олга муаррифӣ кард, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ манзилаш газ ва барқ надорад. Танҳо субҳ ва шом дар давоми як-якуним соат барқ медиҳанд. Вай афзуд, «ҳамин ҳозир, ки бо шумо суҳбат мекунам, ҳавои кӯча 15 дараҷа сард аст, дар манзили ман сардии ҳаво 10 дараҷа мебошад».

Вай афзуд, «бубахшед, ин чи гуна ҳукумат аст, ки об дар хонаҳоямон ях мекунад ва одамон аз сардӣ ба ҳалокат мерасанд, аммо инро нодида мегирад. Оё ин ҳолат ҳукумати Тоҷикистонро ба ташвиш намеорад?».

Мусоҳибонам дар Чкалову Хуҷанд хуруҷи сармохӯрӣ ва бемориҳои дигар дар байни сокинонро дар пайи камбуди шадиди барқ ва газ дар манзилҳои зист таъйид карданд, аммо афзуданд, ки аз маргумири одамон ба таъсири набуди гармӣ дар хонаҳои зист дақиқан мисол овардан наметавонанд.

Зимнан, ин гуна сару садоҳо дар бораи марги одамон дар пайи набуди барқ ва газ ва сардии манзилҳо дар байни сокинони Суғд ҳар замон баланд мешавад, аммо мақомоти марбута ин гуна хабарҳоро то ҳол расман тасдиқ накардаанд. Мақомоти ҳукумати Суғд мегӯянд, тамоми бемористонҳои Хуҷандро гаштаанд, аммо овозаҳо дар бораи марги кӯдак аз сардӣ ва ҳалокати одамон аз заҳри оташи газ тасдиқ нашудааст. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати марги одам аз сардӣ ҳукумати Суғд ҷиҳати таҳқиқ комиссияи вижае таъсис хоҳад дод, аммо дар ҳоли ҳозир ин гуна фактҳо ҷой надоранд.

Аммо сокинони шаҳрҳои Чкалову Хуҷанд дар муроҷиъатномаи худ ба номи президенти Тоҷикистон навиштаанд, ки чанд одами пиру бемор дар хонаҳои торику сард ҷон додаанд. Онҳо дар номаи худ аз Созмони Милали Муттаҳид хостаанд ба сокинони Тоҷикистон бо ироъаи нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ кӯмак кунад. Зеро давлати Тоҷикистон аз уҳдаи таъмини сокинонаш бо барқу газ намебарояд.

XS
SM
MD
LG