Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Марказии Амрико нархи баҳраи бонкиро поин бурд


Нигарониҳо аз ин ки поинравии бозори саҳҳом дар саросари ҷаҳон ба иқтисоди ИМА таъсири манфӣ мерасонад, боис шуд, ки соате пеш Бонки Марказии ИМА нархи баҳраи бонкиро то сеяк фоиз кам кард. Дар таърихи навини Амрико ин як иқдоми бисёр ҷиддӣ буд, ки дар давоми як рӯз гирифт шуд. Бонки марказӣ гуфт, ки нишондоди захираҳои федеролиро то сею ним дар сад коҳиш медиҳад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз қимати саҳҳом дар саросари ҷаҳон боз ҳам поинтар рафт. Дар ҷараёни оғози доду ситади имрӯза дар бозори аслии саҳҳоми Аврупо - дар Лондон поинравии нишондодҳо се дар садро ташкил дод. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин коҳиши саҳҳом дар 7 соли охир мебошад. Субҳи имрӯз қимати саҳҳом дар Ҷопон 5,7 фоиз поин омад ва дар Чин беш аз 7 дар садро ташкил кард. Раиси Сандуқи байналмилалии асъор Доминик Штраусс-Канн вазъи иқтисоди ҷаҳониро "ҷиддӣ" арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG