Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳримҳои нави зидди Эрон


Дар Берлин, дар мулоқоти вазирони хориҷаи панҷ кишвари узви доимии ША СММ бар иловаи Олмон, тадобире баррасӣ мешаванд, ки ба таҳрими саввуми зидди Эрон шомил хоҳанд шуд.

Таҳлилгарон мегуянд, тадобире, ки дар Берлин баррасӣ мешаванд, ба эҳтимоли зиёд тадобири шадиди иқтисодӣ нахоҳанд буд, он гуна, ки худи Амрико бар зидди Эрон ҷорӣ кардааст. Шаннон Киле - коршиноси аршади адами густариши аслиҳаи ҳастаӣ дар Пажуҳишгоҳи байналмилалии мутолеъоти сулҳ марказаш дар Стокҳолм дар ин бора чунин назар дорад:

"Он чӣ барои баррасӣ ҳоло дар руи миз гузошта шудааст, аслан идомаи ҳамон навъ таҳримҳое ҳастанд, ки дар қатъномаҳои 1737 ва 1747 оварда шудааст. Ин бад-он маъност, ки ин таҳримҳо баъзе гуруҳҳои вижа, аз қабили Сипоҳи Посдорони Инқилоб ва шахсиятҳоеро фаро мегирад, ки бовар меравад, бо барномаҳои ҳастаӣ ва мушакҳои болдори Ирон иртибот доранд".

Шаннон Киле шак дорад, ки кишварҳои узви доимии ША дар чунин шакл низ барои тасвиби таҳримҳои маҳдуди зидди Эрон омодагӣ нишон диҳанд. Масъала ин аст, ки Чин ва Русия ба ҳар гуна таҳрими баъдии ША бар зидди Эрон мухолифанд. Киле мегуяд, барои ин ду сабаби усулӣ вуҷуд дорад:

"Он чӣ пеш омадааст, ин аст, ки ҳоло дар ША авҷи мунозироти сиёсии марбут ба таҳримҳо тағйир кардааст. Чунин тағйирот ду омил дорад. Якеаш ин аст, ки дар миёнаи моҳи ноябри соли 2007 раиси Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон гузорише мунташир сохт ва Эронро ба истилоҳ сафед кард. Аммо он дуруст нест. Омили дигар ин аст, ки ниҳодҳои амниятии Амрико дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон гузориши муштараке ба нашр расонданд. Ман фикр мекунам, одилона хоҳад буд, агар мо бигуем, ки ин гузориш таъҷилӣ будани масъаларо коҳиш дод".
Ба ақидаи коршиносон, дар миёни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо низ дар мавриди таҳримҳои зидди Эрон назари яксон вуҷуд надорад ва онҳо низ мисли аъзои ША ба ду гуруҳ тақсим шудаанд. Масалан, Фаронсаву Олмон ва Бритониё хостори таҳримҳои изофӣ мебошанд, ки бояд хориҷ аз чаҳорчубаи қатъномаи ША бар зидди Эрон ҷорӣ шавад. Вале бисёре аз кишварҳои узви ин Иттиҳодия мехоҳанд, ки таримҳои зидди Эрон аз чаҳорчубаи қатъномаи ША СММ берун наравад.

XS
SM
MD
LG