Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парчами миллии Ироқ тағйир меёбад


Бо назардошти тақозоҳои аққалияти курдтабори Ироқ, парлумони ин кишвар имрӯз парчами даврони Саддом Ҳусайн, раҳбари пешини Ироқро тағйир дод. Нақши нави парчам рахҳои уфуқии сурху сафеду сиёҳро ҳифз хоҳад кард, аммо аз рӯи он се ситорачаи сабзе, ки шиори ҳизби Баъси Саддом - яъне ваҳдат, озодӣ ва сотсиализмро ифода мекарданд, бардошта мешавад. Қонуни парчами Ироқ инчунин тарзи навиштаҷоти "Оллоҳу Акбар"-ро ҳам дар рӯи парчам тағйир додааст. Шакли навшудаи парчами миллии Ироқ то як сол нигаҳ дошта шуда, баъдан роҳҳои тағйир додани он андешида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG