Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори олмонӣ дар Остона лату кӯб шуд


Хабарнигори олмонӣ Маркус Бенсман рӯзи шанбе дар Остона, пойтахти Қазоқистан лату кӯб ва ғорат шудааст. Бенсмани 39-сола дар канори роҳе дар сармои шадид ва дар ҳолати беҳушӣ ошкор шуд. Ӯро дар чунин ҳолат ба шифохона интиқол доданд ва муайян кардаанд, ки ҷоғи ӯ шикаста ва танаш шадидан сармо хӯрдааст. Барои муроқибати беҳтар вайро дафъатан ба Олмон интиқол доданд. Дар Остона Бенсман машғули наворбардории филми мустанаде барои як телевизиони олмонӣ будааст. Ӯ барои чандин расонаҳои олмонӣ пайваста роҷеъ ба вазъи Осиёи Марказӣ навиштаву борҳо ҳукумати Ӯзбакистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кардааст. Ҳамсари вай хабарнигори ӯзбакистонӣ Галима Бухорбоева - яке аз шоҳидони ошӯбҳои хунини Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 будааст.
XS
SM
MD
LG