Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил блокадаи Ғаззаро коҳиш медиҳад


Тибқи гузоришҳо, дар пайи тасмими Исроил барои коҳиши шиддати блокадаи энержии Навори Ғазза, ки чаҳор рӯз идома кард, мошинҳои ҳомили маводи сӯхт субҳи имрӯз вориди минтақа шуд. Исроил розӣ шуд, ки танқидҳои ҷомеаи байналмилалиро ба инобат гирифта, блокадаи Ғаззарро барои як рӯз бардорад. Вазъи баамаломада боиси баста шудани танҳо истгоҳи барқии минтақа шуд, ки нисфи Ғаззаро бо барқ таъмин мекард. Исроил гуфт, ки чунин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои мушакии ҷангиёни марбут ба Ҳамос гирифта шуд, ки Ғаззаро таҳти контрол қарор додаад.
XS
SM
MD
LG