Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи поинравии бозори саҳҳом


Нигарониҳо аз имкони поинравии вазъи иқтисодии ИМА боиси поинравии идомаёбандаи нишондодҳои бозори саҳҳом дар саросари ҷаҳон шуд. Дар ҷараёни оғози доду ситади имрӯза дар бозори аслии саҳҳоми Аврупо - дар Лондон поинравии нишондодҳо се дар садро ташкил дод. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин коҳиши саҳҳом дар 7 соли охир мебошад. Субҳи имрӯз қимати саҳҳом дар Ҷопон 5,7 фоиз поин омад ва дар Чин беш аз 7 дар садро ташкил кард. Раиси Сандуқи байналмилалии асъор Доминик Штраусс-Канн вазъи иқтисоди ҷаҳониро "ҷиддӣ" арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG