Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашт: сардиҳои камназир ва мактабҳои нимхолӣ


Маркази обуҳавосанҷии ноҳияи Ғарм, ки дар баландии 1370 метр ҷой гирифтааст, субҳи имрӯз, 22 январ, ҳарорати ҳаворо 24 дараҷаи зери хати сифр нишон дод.

Тибқи иттилоъи Валиҷон Музаффаров, масъули идораи обуҳавосанҷии ноҳияи Ғарм, дар деҳоти баландкуҳи водӣ ҳаво сардтар буда, шабонарӯзи оянда ҳавои аз ин ҳам хунуктар дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол тибқи мушоҳидаҳо, ҳавои сард ба раванди таълиму тадриси мактаббачагон таъсири манфӣ гузоштааст. Расулҷон Ҳасанов, як нафар омӯзгор, дар чунин ҳавои сард ба таътил баромадани муҳассилинро таъкид кард. Вай бо ёдоварӣ аз замони Шуравии собиқ гуфт, агар ҳарорати аз 15 дараҷа поини ҳаво се рӯз идома мекард, барои мактабҳо якчанд рӯз таътил эълон мешуд. Гарчанде, гуфт ӯ, бо тафовут аз бебарқиҳои имрӯз дар он давра мактабҳо аз барқ камбуд надоштанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки баъзе аз волидайни мактаббачагон иброз доштанд, ки сардиҳои роҳу синфхонаҳои хунук боиси маризии фарзандони мактабхони онҳо шудааст. Сокини Рашт Гуландом Ҳасанова гуфт, сардиҳои ахир ду набераи мактабхонашро бистарӣ кардааст.

Ҳамзамон як нафар мактабхон бо номи Бобоҷон гуфт, дар ин сардии шадид синфхонаҳои мактаб ба таври зарурӣ гарм намешаванд ва бо сабаби хунукӣ шумори зиёди хонандагон ба дарс намеоянд.

XS
SM
MD
LG