Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди адмирали амрикоӣ аз Тоҷикистон


Уилям Фаллон (байн) дар нишасти матбуотӣ, ш. Душанбе, 22-вуми январ

Уилям Фаллон (байн) дар нишасти матбуотӣ, ш. Душанбе, 22-вуми январ

Донишкадаи низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз моҳи феврали соли равон бо омодасозии кадрҳои низомии афғонӣ машғул мешавад.

Дар ин бора адмирал Уилям Феллон, фармондеҳи Маркази фармондеҳии артиши ИМА, баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ ба хабарнигорон хабар дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт: «Афғонистон ба кадрҳои низомии худ ниёз дорад ва аз ин рӯ ташаббуси Тоҷикистон, ки дар омӯзиш додани мутахассисони низомии Афғонистон изҳори омодагӣ кардааст, баёнгари сиёсати қавии он дар муносибат бо кишвари ҳамсоя мебошад».
У. Феллон ҳамчунин ишора намуд, ки дар суҳбат бо раисиҷумҳур Э. Раҳмон масоъили амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистон, баррасӣ гардиданд.
Ба гуфтаи адмирали амрикоӣ, пас аз ин ӯ ба Покистон, Афғонистон ва Узбакистон сафар хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG