Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷ: Асила Муҳтоҷева - қаҳрамони Душанбе


Асила Муҳтоҷева пеш аз бозӣ
Асила Муҳтоҷева пеш аз бозӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе байни занон бо пирӯзии Асила Муҳтоҷева ба анҷом расид.

Ин шатранҷбози ҷавон, ки хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии шумораи 1-и шаҳри Душанбе мебошад, миёни 8 нафар аз 7 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, барои бори нахуст унвони қаҳрамони шатранҷи пойтахт дар байни занонро касб кард.
Шатранҷбози пуртаҷриба Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе, низ 6 имтиёз ба даст овард, вале аз рӯи натоиҷи иловагӣ дар ҷои дувум қарор гирифт. Меҳрангез Раҳматова, ҳаммактаби Асила, бо 5 имтиёз ба дарёфти мақоми севум ноил шуд.
Рашид Ҳусейнов, мудири мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Асила Муҳтоҷева барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон байни занон, ки моҳи май баргузор мешавад, ҳуқуқ пайдо кард.
Сабқати мардон, ки бо ширкати 14 шатранҷбоз ҳанӯз идома дорад, 26-уми январ ба поён мерасад.
Пас аз натиҷагирии 8 давр устоди байнулмилалӣ Суҳроб Ҳамдамов бо 7,5 имтиёз дар ҷои аввал аст.
Қаҳрамони 6-каратаи пойтахт Файзалӣ Нуралиев бо 7 имтиёз дар ҷои дувум ва Темур Гадоев бо 6,5 хол дар ҷои севум мебошанд.
Оқои Ҳусейнов иттилоъ дод, ки, бар асоси низомномаи сабқати шаҳрӣ, се нафар беҳтарин шатранҷбоз байни мардон барои ширкат дар бозиҳои лигаи аввали шоҳмоти Тоҷикистон, ки моҳи апрел шурӯъ мешавад, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG