Пайвандҳои дастрасӣ

Путин - авбош?


Рӯзномаҳои ғарбӣ имрӯз ҳам ба мавзӯъи баста шудани Шӯрои Бритониё дар Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда, ҳатто муаллифони ташреҳот Кремлро авбош унвон мекунанд ва аз Гордон Браун, сарвазири Бритониё даъват намудаанд, ки дар муқобили режими «ҷосусасоси» Маскав «Булдоқи воқеии бритониёвӣ» бошад.

Рӯзномаи амрикоии «Ню Йорк Таймс» қазияи атрофи Шӯрои Бритониё дар Русияро «Ҳамлаи нави Кремл» номидааст. Зеро, навиштааст рӯзнома, Шӯрои Бритониё ин як созмони фарҳангӣ аст, ки қисман аз сӯи Бритониё сармоягузорӣ мешавад ва дар бештар аз 100 кишвари ҷаҳон фаъолият дорад, дар ин кишварҳо намоиши филмҳо баргузор карда, устодони забони англисиро таълим медиҳад. Ва афзудааст, баста шудани Шӯрои Бритониё дар Русия, иддаоҳои Кремл дар мавриди даст надоштанаш дар қатли Литвиненкоро тақвият намедиҳад ва далоилеро, ки бар асоси он Маскав аз додани Луговой худдорӣ мекунад, мӯътамад намегардонад. «Ню Йорк Таймс» менависад, Путин ва Кремл бо ин амал худро ба унвони як авбош муаррифӣ карданд, авбоше, ки барои пинҳон кардан мадрак доранд.

Дар робита, ҳамчунин рӯзномаи англисии «Дейли Телеграф» мақолаи Алекс Голдфарб, яке аз дӯстони Александр Литвиненкоро нашр кардааст. Алекс Голфарб навиштааст, ки Александр Литвиненко, рӯзҳои ахири зиндагӣ дар бемористони Колеҷи Лондон бар ин андеша буд, ки марги ӯ як ҳушдори ҷиддӣ барои онҳое хоҳад шуд, ки ба вуҷуди ин нирӯи бадӣ мутмаин набуданд, ба он нирӯи бадие, ки ӯ мубориза мекардааст.

Агар чанде ки дар Тоҷикистон масъулини мақомоти энержӣ интиқоли барқ ба шаҳру деҳотро иҷборан ва бо хостаи худ қатъ мекунанд, аммо нашрияи «Форбс»-и амрикоӣ иттилоъ додааст, ки хакерҳо аз тариқи интернет ба системаҳои таъминоти барқ дар баъзе кишварҳо даст ёфта ва интиқоли барқ ба чанд шаҳрро қатъ кардаанд. Ба навиштаи маҷалла, ин хабарро як корманди Маркази истихборотии Амрико эълон кардааст ва ба гуфтаи ӯ, ин хакерҳо хориҷ аз Амрико ҳастанд. Ӯ гуфтааст, сарфи назар аз он ки бо кадом усул хакерҳо ба системаи таъминоти энержии хориҷӣ даст ёфтаанд, аммо ҳушдор кардааст, ки Амрико аз ин гуна ҳамлаҳо дар амният буда наметавонад.

Рӯзномаи фаронсавии «Либерасион» навиштааст, бо манъи сигоркашӣ дар тарабхонаву тафреҳгоҳҳои Фаронса бӯи ғализи сигору машрубот аз ин марокизи тафреҳии кишвар хориҷ нашудааст. Рӯзнома навиштааст, дар тафреҳгоҳҳои кишвар албатта дӯди ғализи сигор ба назар намерасад, аммо соҳибони ин тафреҳгоҳҳо усули ҷадиди хидматрасонӣ ба муштариёни хумории худро пайдо карданд. Онҳо бо бӯи сунъии сигор ва машрубот ҳавои тафреҳгоҳи худро омехта карда ва муҳити қабл аз манъи сигоркаширо ба вуҷуд овардаанд. Ва рӯзнома навиштааст, ин иқдом метавонад боиси рӯ гардонидани бархе муштариён аз тафреҳгоҳҳо шавад.

Ва рӯзномаи бритониёии «Индепендент» хабар додааст, ки бар тибқи як таҳқиқоти ахиран анҷомдодаи олимони Швейтсария ва Амрико мушаххас гардидааст, ки истифодаи телефони ҳамроҳ ё мобайл қабл аз хоб боиси нороҳатӣ дар хоб, кам шудани хоб, дарди сар ва фишорҳо ба организм мегардад. Рӯзнома менависад, ин таҳқиқотро худи ширкатҳои тавлидкунандаи телефонҳои ҳамроҳ сармоягузорӣ кардаанд. Ба навиштаи «Индепендент», ин кашфиёт махсусан дар муқобили кӯдакон ва наврасон хеле ташвишовар ба назар мерасад, зеро ин гурӯҳи ҷомеа бештар аз дигарон ба истироҳат ва хоби хӯш ниёз доранд, вале, менависад, пурсишҳо ҳокӣ аз онанд, ки маҳз кӯдакон ва наврасон телефони ҳамроҳро дар умқи шаб ва қабл аз хоб зиёд истифода мебурдаанд.

XS
SM
MD
LG