Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳир Юлдошев Покистонро муҷозот карданист


Раҳбари Ҷунбиши исломии Узбакистон Тоҳир Юлдошев, ки чаҳор моҳи пеш дар бораи кушта шудани ӯ хабар расида буд, дар як баёнияи видеоӣ ҷонибдорони худро ба ҷиҳод алайҳи неруҳои амниятии Покистон дават кард. Тоҳир Юлдошев гуфтааст, ки бояд мақомоти кишвар барои амалиёти низомӣ дар Лал Масҷиди Исломобод дар моҳи июли соли гузашта муҷозот шаванд. Гуфта мешавад, ки навори видеоӣ 17 январ аз қароргоҳи Тоҳир Юлдошев воқеъ дар минтақаи қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ ба расонаҳои хабарӣ фиристода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта расонаҳои хабарӣ аз қавли раиси пулиси вилояти Пактикои Афғонистон Наби Ҷон Муллохайл дар бораи кушта шудани Тоҳир Юлдошев бар асари як амалиёти вижаи неруҳои ҳавоии Амрико иттилоъ дода буданд. Аммо ҷасади Тоҳир Юлдошев ошкор нашуда буд.

Тоҳир Юлдошев дар феҳрасти 12 афроде, ки дар Афғонистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, дар хати панҷум ҷойгир аст. Иёлоти Муттаҳида барои боздошти ӯ 200 ҳазор доллар ҷоиза тайъин кардааст.
XS
SM
MD
LG