Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон


Имрӯз вазирони хориҷаи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал ба изофаи Олмон дар як нишаст дар Берлин имкони шадидтар кардани таҳримҳо алайҳи Эронро баррасӣ мекунанд. Хабаргузориҳо бо такя ба як дипломати фаронсавӣ иттилоъ додаанд, ки тарҳи қатъномаи нав аз сӯи ҳамаи кишварҳо ҳамоҳанг шудааст. Шӯрои амнияти Созмони Милал алайҳи Эрон барои сарпечияш аз қатъи ғанисозии ураниум қаблан таҳримҳо ҷорӣ карда буд ва аммо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Амрико ин таҳримҳоро нокофӣ мехонанд. Теҳрон иттиҳоми Ғарб дар мавриди талоши дастёбияш ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад ва мегӯяд, ки барномаи ҳастаи кишвар аҳдофи комилан осоишта дорад.

XS
SM
MD
LG