Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳурии пешини Латвия барандаи ТВ мешавад


Тибқи гузоришҳое, ки аз Латвия мерасад, раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар хонум Вайра Вике-Фрейберга муҷрии як барномаи телевизионӣ хоҳад шуд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин барномаи нав моҳи оянда дар телевизиони давлатии Латвия роҳандозӣ хоҳад шуд. Вайра Вике-Фрейберга, ки аз ҷониби раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ҳамчун "Хонуми оҳании Балтика" ном баровардааст, дар муддати солҳои 1999 то 2007 ду мӯҳлат раиси ҷумҳурии ин кишвар будааст.

XS
SM
MD
LG