Пайвандҳои дастрасӣ

СММ тақсимоти ғизоро дар Ғазза мутаваққиф карданист


Як бахши СММ гуфт, дар сурате, ки Исроил блокадаи Навори Ғаззаро коҳиш надиҳад, тақсимоти ғизоро дар миёни 860 ҳазор сокини ин минтақа мутаваққиф хоҳад кард. Кристофер Ганнес, сухангӯи дафтари СММ дар умури кӯмак ва кор гуфт, ки бо сабаби камбуди маводи сӯхт барои мошинҳову генераторҳои ин созмон, эҳтимол дорад, ки рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе ин бахши ММ тақсимоти маводи ғизоро дар миёни аҳолӣ мутаваққиф кунад. Рӯзи панҷшанбеи 17 январ Исроил ҳама маҳалҳои вуруд ба Ғаззаро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои мушакӣ баст. Дар ниҳоят, танҳо истгоҳи барқии Ғазза хомӯш шуда аксар манотиқи ин маҳалро аз барқ маҳрум кард. Бенита Ферреро Валднер, раиси Камиссиюни равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Исроил тақозо кард, ки таъмини Навори Ғаззаро бо маводи сӯхт аз сар гирад ва роҳҳои интиқоли кӯмакҳои башардӯстонаву моли тиҷоратиро имконпазир гардонад.
XS
SM
MD
LG