Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи барқи "Сангтуда-1" чанд хоҳад буд?


Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС ҳини ифтитоҳи агрегати "Сангтуда-1", 20 январи 2008

Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС ҳини ифтитоҳи агрегати "Сангтуда-1", 20 январи 2008

Ширкати «РАО ЕЭС»-и Русия қимати барқи неругоҳи «Сангтӯда-1»-ро муваққатан 3,2 дирам муқаррар кардааст, вале ба наздикӣ 10,5 дирам хоҳад шуд.

Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар сурати пурра ба кор оғоз намудани неругоҳи «Сангтуда-1» яъне дар соли оянда, 1 киловат/соат барқи он дар Тоҷикистон ба қимати 10,5 дирам, ё 3 сенти амрикоӣ, фурӯхта хоҳад шуд. Оқои Гулов мегӯяд, ҷониби Русия 75 дарсади саҳмияҳои ин неругоҳро дар ихтиёр дорад, аз ин хотир, дар ҳамоҳангӣ бо вазорати иқтисоди Тоҷикистон қимати барқро таъин мекунад.

Аммо Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои неругоҳи «Сангтуда-1»-ро дар ихтиёр доштааст ва аз ин сабаб ҳақ надорад ба таъйини нарх дахолат кунад ё таъсир расонад. Тибқи иттилоъи «Барқи тоҷик», агрегати аввали неругоҳи «Сангтӯда-1» дар як шабонарӯз бояд то 2.5 миллион киловат/соат барқ тавлид кунад. Аммо шабонарӯзи гузашта тавлиди барқ ҳудуди 1 милион киловат соат будааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон нархи кунунии барқи «Сангтӯда-1», яъне 1 сентро қобили қабул медонанд, аммо, мегуянд, ба 3 сент афзудани он ҷавобгӯи вазъи воқеӣ нест. Хилватшоҳи Маҳмуд, коршинос дар умури иҷтимоӣ, гуфт, ҳангоме, ки ҳади аққали маош дар Тоҷикистон 20 сомонӣ аст, табақаи камбизоати ҷомеъа, аз қабили донишҷӯёну нафақахӯрон, имкони бо ин қимат пардохти нерӯи барқро надоранд.

Дар маросими ба кор шурӯъ кардани агрегати аввалини неругоҳи «Сангтӯда-1» раисҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон изҳор дошт, ки маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои сокинони кишварро ба 1 соат коҳиш хоҳад дод. Аммо тибқи иттилоъи шаҳрдории Душанбе, интиқоли реҷавии неруи барқ дар шаҳри Душанбе боқӣ мемонад. Шаҳрдории Душанбе ҷадвали нави интиқоли нерӯи барқро тартиб додааст, ки бар асоси он акнун маҳдудияти интиқоли барқ на танҳо монанди пешина дар маҳалҳои канории пойтахт, балки дар қисмати марказии пойтахти Тоҷикистон низ аз соати 22-и шаб то 5 –и субҳ қатъ мешавад.

Бино ба иттилоъи «Барқи тоҷик», шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз ба 12 миллион киловат/соат неруи барқ ниёз дорад. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли пурра ба истифода даромадани неругоҳи «Сангтӯда-1» низ таъмини шаҳри Душанбе бо неруи барқ имконнопазир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG