Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сангтӯда–1" ба барқи Суғд наафзуд


Аз бебарқӣ сокинони шаҳр рӯ ба дегдону чакдон овардаанд
Аз бебарқӣ сокинони шаҳр рӯ ба дегдону чакдон овардаанд

Сардии хонаву коргоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, норасоии шадиди барқ ва газ. Ин мушкилот мавзӯъи меҳварии баҳс дар нишасти хабарии сарони ҳукумати Суғд бо хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар Хуҷанд дар рӯзи душанбеи 21 январ буд.

Имрӯзҳо дар вилояти Суғд шадидтарин меъёри додани барқ ба қисмати умдаи манзилҳои одамон – субҳу шом дар давоми ним–як- соатӣ ва дар Хуҷанд каме бештар ҷорӣ шудааст. Саволи аслии хабарнигорон ба сарони ҳукумати Суғд ин буд, ки чаро бо оғози кори нерӯгоҳи обии барқи «Сангтӯда–1» интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони минтақаи шимолии Тоҷикистон як соат зиёд нашуд?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» чунин ваъда карда буд. Аммо сокинони Суғд мегӯянд, ки ифтитоҳи нерӯгоҳи «Сангтӯда – 1» лимити шадиди интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони минтақаи шимолии Тоҷикистонро коҳиш надод. Дар шом ва субҳи рӯзи якшанбе низ барқ ба бисёр нуқоти Суғд аз рӯи меъёри пешина субҳ ним ё як соат ва шом – як ё ду соат интиқол ёфт.

Бисёр мактабу кӯдакистонҳои Суғд имрӯзҳо умуман барқ надоранд ва бархе аз ин муассисаҳо ба иллати сардии ҳаво мустақилона дарҳои худро бастаанд. Рӯзи душанбе ҳаво дар устони Суғд, дар водӣ - болотар аз 15 дараҷа, дар кӯҳистон зери 20 дараҷа сард буд.

Дар робита ба мавзӯъ Раънои Бобоҷон, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, кӯдакистонҳо ва мактабҳои миёнаи Чкалов барқ надорад ва карантин эълон кардааст.

Вай афзуд, манзили зисташ сард аст, то дараҷае ки қубурҳои обгузар ва дар балкон об ях кардааст. Шоми якшанбе, мегӯяд Раъно, вақте ҷаноби олӣ аз телевизион мегуфт, ки аз ин соат ба баъд бо як соат барқи иловагӣ хонаҳои сокинонро таъмин мекунем, барқ хомӯш карда шуд. Зимнан, ба ҳукми тасодуф ё шояд сабаби дигар интиқоли барқ ба хонаҳои сокинони Суғд замоне замоне қатъ гардид, ки президенти Тоҷикистон паёми болоии худро ба мардуми кишвараш аз тариқи телевизион ироъа мекард.

Дар ҳамин ҳол Шакарбек Самадов, муъовини аввали раиси устони Суғд, ин ваъдаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди як соат барқи иловагӣ бо шурӯъи кори нерӯгоҳи «Сангтӯда–1» ба хонаҳои сокинони Тоҷикистонро чунин шарҳ дод: «Суханони Ҷаноби Олӣ ба он дахл дошт, ки аз Туркманистон то 7 миллион киловатт/соат барқ ба Тоҷикистон дар шабонарӯз ворид шавад ва аз Узбакистон то 3.5 – 4 миллон киловатт/соат. Аммо азбаски ҳозир дар ин ҷумҳуриҳо ҳам ҳаво то 15 дараҷа сард аст, онҳо ба мо барқ дода натавониста истодаанд. Онҳо ваъда карда истодаанд, ки дар як–ду ҳафтаи оянда, ки ҳаво ақаллан як дараҷа гарм шуд, ба мо барқи ваъдагиро медиҳанд. Аз ҳамон рӯз сар карда, мо ҳам барқро ба сокинони вилоят як соат зиёд медиҳем».

Ба ҳамин тариқ, Шакарбек Самадов, нахустмуъовини раиси вилояти Суғд, ҳалли мушкили норасоии шадиди барқ ва эҳтимоли иловаи як соат зиёд интиқоли барқ ба манзили сокинони Суғдро на ба ифтитоҳи агрегати якуми «Сангтӯда–1», балки ба тасмими Тошканд ва Ишқобод рабт медиҳад. Ва ё беҳтараш, ба гарм шудани обу ҳаво ва аз рӯи мақоли маъруфи тоҷикӣ - «ба омадани баҳор».

Оқои Самадов ҳамзамон афзуд, ки баракс дар давоми ду шабонарӯзи ахир, дар пайи аз кор бозмондани як блоки неругоҳи барқи «Мари»-и Туркманистон, Тоҷикистон ба ин кишвар 200 мегаватт дар шабонарӯз нерӯи барқ интиқол медод.

XS
SM
MD
LG