Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ироқ 2 сарбози амрикойӣ кушта шуданд


Низомиёни амрикойӣ гуфтанд, ки рӯзи якшанбе дар ҷараёни ду амалиёти ҷудогона дар Ироқ ду сарбози ин нирӯҳо ба ҳалокат расиданд. Як сарбози нирӯҳои дарёӣ дар вилояти Ал-Анбор ва сарбози дигар бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ дар минтақаи Араб Ҷаббори ҷануби Бағдод ҷони худро аз даст доданд. Ин манотиқи ғолибан суннинишин дар ду ҳафтаи ахир шоҳиди ҳамлаҳои ҷудогонаи ҳавойӣ шудааст. Низомиёни амрикойӣ мегӯянд, ки дар ин амалиёт 99 ҷангии Ал-Қоидаро ҳадаф қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG