Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи фаъолияти операву сирк дар Туркманистон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон қарори манъи фаъолияти ҳунарҳои операхониву сиркро, ки 7 сол инҷониб амал мекард, бекор кард. Дар хабаре, ки тавассути телевизиони давлатӣ нашр шуд, гуфта шуд, ки дар фазои пешравиҳои афзояндаи Туркманистон ҳамакнун бояд ин навъи ҳунарҳо ҳам рушд кунанд. Дар вокуниш ба чунин амри раиси ҷумҳурӣ як овозхони маъруфи операи Туркманистон, ки ҳоло дар Олмон ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо бахши туркмании радиои Озодӣ аз ин амри раҳбари кишвараш истиқбол кард. Оқои Моммак Қулӣ гуфт:

"Мо хеле шодем, ки манъи фаъолияти ҳунарҳои опера, балет ва сирк бекор шуд. Орзу дорам, ки ҳунармандони собиқ ба театр баргарданд. Хуб нест, ки бигӯем мардуми мо опера, балет ва ё ҳунари дигари монанди инро намефаҳманд. Хеле муҳим аст, ки бигузорем мардум ин мусиқиро дарк кунанд. Ҳунар ва фарҳанг аст, ки ба ҷаҳон дар шиносоӣ бо як миллат кӯмак мекунад".

Амри ахири Бердимуҳаммадов қарори раҳбари пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро бекор мекунад, ки соли 2001 гуфта буд, опера чун як ҳунари ғайримиллӣ наметавонад дар ин кишвар ҳақи фаъолиятро дошта бошад.
XS
SM
MD
LG