Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 12 нафарро куштанд


Ҷангиёни Толибон дар чанд ҳодисаи ҷудогона ахиран 12 нафар, аз ҷумла як раҳбари минтақаии барномаҳои барқарорсозиро ба ҳалокат расониданд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки шӯришиён Абдулқаюм Муҷоҳидӣ, раҳбари барномаи барқарорсозии вилояти Зобулро ҳадафи тир қарор доданд. Дар як ҳодисаи дигар, дар вилояти Ҳилманд ҷангиён ба корвони мошинҳое ҳамла карданд, ки масолеҳи сохтмониро ба пойгоҳи низомии НАТО интиқол медод. Дар натиҷа, чаҳор ронандаву ду муҳофизи онҳо кушта шуда, шаш мошин оташ зада шуд. Дар ҳодисаи дигар, дар вилояти Қандаҳор таркиши бомбаи сарироҳӣ, ки зоҳиран нирӯҳои афғониву НАТО-ро ҳадаф қарор медод, боиси ҳалокати 5 мулкӣ, аз ҷумла як тифл шудааст.
XS
SM
MD
LG