Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Мушарраф аз Аврупо


Раиси ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф имрӯз ваъда дод, ки интихоботи раёсатҷумҳурии кишвараш дар шароити озод, одилона ва шаффоф баргузор хоҳад шуд. Зимни суханрониаш дар Бруссел, қабл аз оғози барномаҳои боздидаш аз Аврупо, гуфт, ки умедвор аст аврупоиҳо мушкилоти феълии кишварашро дарк хоҳанд кард. Вай гуфт, ки бар ивази он, вай интизор дорад, ки Покистон ба арзишҳои демократияву ҳукумати қонун пойбанд хоҳад монд. Вай аллакай як мулоқотеро бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана баргузор кард ва гуфт, ки ҳамкориҳои Покистон бо Иттиҳодияи Аврупо ва нирӯҳои посдори сулҳи Афғонистон идома хоҳад ёфт. Мушарраф гуфт:

"Муборизаи мо зидди тундгароиву терроризм бо иродаи қавӣ идома хоҳад ёфт. Ва бо Иттиҳодияи Аврупо ва нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ дар Афғонистон ҳам ҳамеша ҳамкорӣ хоҳем кард".

Зимни боздидаш аз Бруссел, раиси ҷумҳурии Покистон ният дорад инчунин бо дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер мулоқот крада, инчунин дар Кумитаи равобити хориҷии Парлумони Аврупо суханронӣ кунад. Дар ҷараёни сафари ҳаштрӯзаи худ ба Аврупо вай инчунин қарор аст аз Фаронса, Швейсария ва Бритониё дидан кунад.

XS
SM
MD
LG