Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардтарин шаб дар 25 соли ахир


Душанбе, асри 21, январи соли 2008...
Душанбе, асри 21, январи соли 2008...

Шаби гузаштаи аз 20- ба 21-уми январ дар Тоҷикистон ҳамчун сардтарин шаб дар 25 соли гузашта ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Ожонси ҳавосанҷии Тоҷикистон сардиҳои феълан дар кишвар мустақарбуда то 25-уми январи соли равон идома хоҳанд дошт. Ӯ ҳамчунин таъйид намуд, ки шаби аз 20- ба 21-уми январ сардтарин шаб дар чанд соли ахир буд: «Ҳарорати ҳаво дар ин шаб аз рӯи ҷадвали Селсий дар шаҳри Душанбе то 19 дараҷаи зери 0 буд. Субҳ бошад ҳарорати ҳаво 16 дараҷа сард буд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари сокинони пойтахт дар ин шаб низ бо мушкили бебарқӣ мувоҷеҳ буданд ва наметавонистанд, ки хонаҳои сарди худро каме ҳам бошад гарм кунанд.
Ҳавошиносон иттилоъ медиҳанд, ки сардиҳо боз чанд рӯзи дигар, яъне то рӯзи ҷумъаи 25-уми январ, давом хоҳад кард ва дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои тақрибан 10 – 15 дараҷа сард дар назар дошта мешавад.
Гуфта мешавад, чунин ҳавои сард дар Тоҷикистон дар соли 1982 ба қайд гирифта шуда буд. Вале,боз ҳам ба иттилоъи ҳавосанҷони кишвар, сардтарин ҳаво дар Тоҷикистон соли 1936 (26,6 дараҷа) мушоҳида гардид.
XS
SM
MD
LG