Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми ИДМ-2008: бохти дувуми «Регар-ТадАЗ»


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар дувумин дидори худ дар Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷараён дорад, аз тими «Хазар-Ленкоран»-и Озарбойҷон бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрд.

Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум Илҳом Ортиқов аз дастаи «Регар»-ТадАЗ боз кард, вале баъдан озариҳо ба дарвозаи дастаи қаҳрамони Тоҷикистон 2 гол зада, тақдири бозиро ба фоидаи худ ҳал намуданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «В» «ФБК-Каунас»-и Литва бар «Оқтеппа»-и Қазоқистон бо натиҷаи 4:2 пирӯз шуд.
Бад-ин тартиб пас аз ду давр «Хазар-Ленкоран» бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «В» қарор дорад. «Оқтеппа» ва «ФБК-Каунас» бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Акнун ин дастаҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба марҳалаи дувуми мусобиқот талош мекунанд. Вале «Регар-ТадАЗ», ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст, барои ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфтан танҳо имкони назариявӣ дорад, вале амалан иҷро кардани ин кор барои футболбозони тоҷик ниҳоят мушкил аст.
22-вуми январ дар даври севум «ФБК-Каунас» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Оқтеппа» бо «Хазар-Ленкоран» рақобат мекунанд.
Дар гурӯҳи «D» дастаи «Пахтакор»-и Тошканд, ки дар бозии дувумаш «Бананс»-и Арманистонро бо натиҷаи 3:0 шикаст дод, новобаста аз натиҷаи дидори охиринаш бо БАТЭ (Беларус) ба бозиҳои чаҳорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод роҳ ёфт. Қаҳрамони Узбакистон дар гурӯҳи «D» бо 6 имтиёз дар ҷои аввал мебошад.
Дар гурӯҳи «А» чаҳор даста – «Зенит»-и Санкт-Петербург, «Шериф»-и Молдова, «Ишқобод»-и Туркманистон ва «Левадия»-и Эстония, ки 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд, барои ду роҳхат ба даври баъдӣ талош доранд.
Дар гурӯҳи «С» «Олимпӣ»-и Гурҷистон ва «Вентспилс»-и Латвия бо 6-имтиёзӣ аз рӯи таносуби голҳо мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Ин ду даста, сарфи назар аз натиҷаи бозии даври охирин, ба чаҳорякфинал баромаданд. «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, ки дар бозии дувуми худ низ аз дастаи «Олимпӣ» шикаст дид (2:3), новобаста аз натиҷаи дидори охиринаш аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ маҳрум гардид.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG