Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба ихроҷи дипломатҳояш бовар надорад


Мақомоти Русия иттилоъи расонаҳои Бритониё дар бораи имкони ихроҷи дипломатҳои рус аз Лондонро ҷиддӣ нагирифтанд. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, ки дар ин бора шунидааст ва аммо аз изҳороти ҳамтои бритониёвияш Дэвид Милибенд ёдовар шуд, ки қаблан гуфта буд, Лондон дар вокуниш ба баста шудани дафтарҳои Шӯрои Бритониё дар ду шаҳри Русия аз чораҳои ҳамсон кор нахоҳад гирифт.

Дирӯз нашрияи "Дейли мейл", чопи Лондон бо такя ба манбаъҳо дар хадамоти кашф хабар дод, ки Бритониё мехоҳад 34 дипломати русро аз Лондон хориҷ кунад. Ҳамаи онҳо, ба иттилоъи нашрия, дар Бритониё бо ҷосусӣ машғуланд.
XS
SM
MD
LG