Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президенти Покистон ба кишварҳои Аврупо


Президенти Покистон Парвиз Мушарраф имрӯз сафари ҳаштрӯзаи худро дар Аврупо аз Бруссел оғоз кард. Дар ин ҷо вай бо сарони Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид хоҳад дошт. Мушарраф ҳамчунин барнома дорад, аз Бритониё, Фаронса ва Швейтсария ё Суис низ дидан кунад. Рӯзи душанбе дар Бруссел Мушарраф бо масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳавйер Солана ва Дабири кулли НАТО Яап де Ҳуп Схеффер мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG