Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беназир Бҳутторо як навраси 15-сола куштааст?


Мақомоти Покистон мегӯянд, як навраси 15-сола ба даст доштанаш дар суиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто иқрор кардааст. Вазири умури дохилии Покистон, Камол Шоҳ гуфт, ахиран ду нафар дар шаҳраки Дера Исмоилхон дар минтақаи ҳаммарз ба Афғонистон боздошт шудаанд, ки яке аз онҳо ин наврас будааст. Вай иқрор кардааст, ки дар ҳайати гурӯҳе дар суиқасд ба Бҳутто ширкат доштааст. Ин гурӯҳ аз панҷ нафар иборат буда, бо дастури фармондеҳи ситезаҷӯён Байтуллоҳ Меҳсуд амал мекардааст.
XS
SM
MD
LG