Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косово дар интихоботи Сербия


Нозирон мегӯянд, ояндаи Косово шиъори асосии таблиғотии рақибон дар интихоботи перзидентии Сербия аст.

Нӯҳ номзад орзу доранд, дар панҷ соли оянда президенти Сербия бошанд. Аммо сабқати асосӣ дар байни ду нафари онҳо ҷараён дорад, ки яке президенти феълӣ Борис Тадич ва дигаре рақиби миллатгарои ӯ -- Томислав Николич мебошанд.

Бар тибқи охирин назарсанҷиҳо даргумон аст, ки ягон номзад беш аз ними раъйҳоро ба худ ихтисос диҳад ва биноан тахмин меравад, ки даври дуввум зарур хоҳад шуд. Пешакӣ онро барои савуми феврал муқаррар кардаанд.

Аслан салоҳиятҳои раиси ҷумҳури Сербия чандон густарда нестанд. Вай на ҳукуматро барканор карда метавонад ва на сиёсати хориҷиро муайян мекунад. Вале хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Белград, Бранка Тривич мегӯяд, ончи муҳим аст, замонест, ин интихобот баргузор мешавад. Тривич мегӯяд, бояд инро дарк кард, ки интихобот ҳамзамон бо ҳалли масъалаи Косово доир мешавад ва масъалаи Косово масъалаест, ки дар пеши чашми ҳамагон ҳал мешавад. Шумо як асабонияти бузургеро эҳсос мекунед. Ба кадом расона ки нигоҳ накунед, ҳама ҷо як чиз -- Косово, Косово, Косово ва албатта, масъалаи решапайванди он -- ҳамоиши аврупоӣ."

Сарвазири Косово, Ҳошим Точӣ гуфтааст, дар чанд ҳафтаи оянда истиқлолияти Косоворо эълон хоҳад кард. Биноан ҳарду номзад, ҳам Тадич ва Николич шадидан ба ин мухолифанд, вале Ҳизби демократи Тадич хостори равобити наздиктар бо Аврупост. Николич аз Ҳизби родиколи серб, ягона неруи қавӣ дар порлумон, хостори пешгирӣ аз истиқлолияти Косово бо ҳама роҳ ва таҳкими равобит бо Русия аст. Таври маълум, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аз истиқлолияти Косово ҳимоят мекунанд, дар ҳоле ки Русия ба он шадидан мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG