Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки рушди Тоҷикистон ва Тоҷиксодиротбонк намояндагиҳои худро дар маркази водии Рашт – шаҳраки Ғарм ифтитоҳ намуданд.

Насим Қурбоналиев, масъули раштии Бонки рушди Тоҷикистон гуфт, феълан, ин бонк интиқоли маболиғро ба роҳ мондаааст ва дар ояндаи наздик ин бонк хадамоти дигари бонкиро низ роҳандозӣ хоҳад кард. Ҷаноби Қурбоналиев гуфт, илова бар водии Рашт, бонки онҳо дар садади ифтитоҳи намояндагиҳо дар навоҳии дигари минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикобод, Ҷиргатол, Нуробод мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи бахши раштии Бонки миллии Тоҷикистон, солҳои охир интиқоли маболиғ аз хориҷ ба кишвар тариқи бонкҳои фаъоли минтақа ба маротиб афзудааст. Тавре гуфта шуд, акнун ҷойи интиқоли мардумиро, ки қаблан тавассути афроди алоҳида бо фоизҳои бештари хидматрасонӣ сурат мегирифт, интиқоли бонкӣ мегирад. Зеро ирсоли маблағ тариқи бонк арзонтар ва амнтар будааст.

Аммо дар ҳоле, ки бонкҳои Тоҷикистон тайи як соли охир намояндагиҳои худро дар водии Рашт ба дунболи якдигар боз кардаанд, бархе аз сокинони водӣ аз ин бонкҳо хидматрасонии беҳтареро интизор будаанд. Хуршед ном як муҳоҷири корӣ бонкҳои Тоҷикистонро бо бонкҳои русӣ қиёс карда гуфт, беҳтар мебуд, агар дар ҳамон сатҳ хидматрасонӣ ба роҳ монда мешуд.

Ҳарчанд ҳаққи хидматрасонии бонкӣ дар сари интиқоли маболиғ вобаста ба намуди низоми интиқол аст, аммо миёни ин бонкҳо рақобат ба назар мерасад. Бонкҳо кӯшиш кардаанд, ба хотири ҷалби бештари муштариён дар марокизи ҷамоатҳо, ва мавозеъи калони аҳолинишин чунин нуқтаҳои интиқолиро таъсис намоянд.

Феълан, бар иловаи ин ду бонки тозатаъсис, дар водӣ ҳамчунин, намояндагиҳои Амонатбонк, Агроинвестбонк, Тоҷпромбонк, бонки Эсхата, Ориёнбонк ва Аввалин бонки молиявӣ фаъолият мекардаанд.

XS
SM
MD
LG