Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти калони "Регар" дар бозии аввал


«Регар-ТадАЗ» дар бозии нахустини худ дар Ҷоми қаҳрамонони ИДМ бо «Оқтеппа», қаҳрамони Қазоқистон бо ҳисоби калони 0:5 шикаст хӯрд.

Қазоқҳо дар қисми аввал се тӯб ва дар қисми дуввум ду тӯби дигари беҷавоб ба дарвозаи қаҳрамонони Тоҷикистон заданд.

«Регар-ТадАЗ» дар ин ҳайъат бозӣ кардааст:

Додов, Носиров, Чориев (Каримов 28), Эргашев, Рустамов (Исмоилов 46), Маҳмудов, Рабимов, Баротов (Иргашев57), Ортиқов (Ҳасанов 57), Саидов (Равшанов 63), Тухтасунов.

Аллакай дар дақиқаи панҷум Бадло ҳисобро боз намуд. Пас аз ним соати бозӣ Хайрулин дар се дақиқа ду тӯби дигар вориди дарвозаи Алишер Додов месозад. Дар дақиқаи 70 Струков ҳисобро калон менамояд ва панҷ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Богомолов ба ҳисоби бозӣ нуқта мегузорад.

Бино бар навиштаҳои сомонаҳои варзишии қазоқӣ, пас аз бозӣ сармураббии «Регар-ТадАЗ» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев чунин гуфтааст:

«Мо мавсими мушкиле доштем. Мавсим барои мо танҳо 25 декабр хотима ёфт ва аллакай 5 январ мо ба омодагиҳо ба мавсими нав шурӯъ кардем. Аз ин рӯ, бозигарони ман ҳанӯз пурра омода нестанд, бар илова бозигарони зиёде тоза ба даста омадаанд, ки мо бозии онҳоро танҳо ин ҷо дида метавонем.

Рақиби мо имрӯз беҳтар бозӣ мекард, аз ин рӯ пирӯз шуд. Акнун, пеш аз ҳама бояд ором шуд, ва ба бозии дигар тайёрӣ дид.»


Дар бозии дигари ин гурӯҳ «Хазар»-и Озарбойҷон қаҳрамони Литва, дастаи «Каунас»-ро бо ҳисоби се бар сифр шикаст дод.

Натоиҷи бозиҳои дигар бо ширкати дастаҳои осиёӣ чунин аст:

«Левадия» (Эстония) 1:0 «Ишқобод» (Туркманистон)

«Пахтакор» (Узбакистон) 1:0 «Динамо» (Киев, Укроин)

«Вентспилс» (Латвия) 1:0 «Динамо-Дордой» (Қирғизистон)

Бозии навбатии «Регар» рӯзи 20 январ бо қаҳрамони Озарбойҷон, дастаи «Хазар» баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG