Пайвандҳои дастрасӣ

Қарор аст, рӯзи 20 январ агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба кор дароварда шавад.

Қаблан, замони оғози кори нахустин агрегати ин нерӯгоҳ моҳи декабри соли гузашта таъин гашта буд.

Дар маросими оғози расмии кори Сангтӯда-1, қарор аст, Анатолий Чубайс, раҳбари ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва Сергей Наришкин, ноиби сарвазири Русия иштирок намоянд. Ҷаноби Наришкин дар тӯли соли гузашта чандин бор аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дидан карда буд.

Ниругоҳи Сангтуда-1 тавассути ширкати РАО-ЕЭС –и Русия дар ҳоли эҳдос аст ва барои анҷоми сохтмони он 450 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Ин ниругоҳ дар ҳавзаи рудхонаи Вахш тавони тавлиди 670 мегават нируи барқро дорад.

Ширкати русӣ 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи мазкурро дар ихтиёр дорад. Қарор аст, то охири сол нерӯгоҳ пурра ба истифода дода шавад.
XS
SM
MD
LG