Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бадахшон ба андозаи 7245 ҳектор замин кам шудааст.

Масъулони идораи заминсозӣ мегуянд, аз ин ҳисоб 4,5 ҳазор ҳектор заминҳое мебошанд, ки таи солҳои охир ба Қирғизистон ва Тавилдара баргардонда шудаанд.

Сардори идораи заминсозии вилоят Амоншо Наврузшоев гуфт, баҳисобгирии замин барои охирин бор дар Бадахшон 50 сол қабл гузаронида шуда буд.

Сардори идораи заминсозии вилоят ҳодисаҳои тасарруфи ғайриқонунии заминро аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ба хотири бунёди хона таъйид намуд, аммо гуфт, ки ин омил наметавонад ба миқдори умумии камшавии масоҳати замин таъсири ҷиддӣ дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони идораи кишоварзии Бадахшон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки кам шудани майдони кишт ба тавлиди намуди муҳимтарини маҳсулоти кишоварзӣ - зироатҳои ғалладона дар вилоят низ сабаб гардидааст.

Коршиносон бо натиҷагирӣ аз нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор бар ин ақидаанд, ки бо кам шудани масоҳати умумии заминҳои корам тавлиди дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ дар минтақа коҳиш ёфтааст, вале он ки раиси вилоят мутахассиси соҳаи кишоварзӣ аст ва ба беҳтар нишон додани фаъолияти мақомот манфиатдор мебошад, аз ин рӯ, нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ расман аз будаш зиёдтар пешкаш мешаванд,

Аммо масъулони идораи кишоварзии вилоят таи баргузории нишасти матбуотӣ ин иддаоро рад карда ва изҳор доштанд, ки онҳо аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ муваффақ шудаанд.

Алҳол, дар Бадахшон каме бештар аз 10 ҳазор ҳектор замини кишт боқӣ мондааст ва 99 дарсади ҳудуди вилоятро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG