Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Сербистон ва тақдири Косово


Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рузи 20 январ дар Сербистон нуҳ номзад ширкат меҷуянд.

Вале назархоҳиҳои ахир нишон медиҳад, ки дар ин интихобот рақобат аслан миёни ду номзад, яъне Борис Тадич ва Томислав Николич сурат мегирад. Тибқи ин назархоҳиҳо, мумкин аст, ҳеҷ як аз ин нуҳ номзад дар даври аввал беш аз 50 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст наоранд. Ба ин далел, таҳлилгарони сиёсӣ даври дуввуми интихоботро аз эҳтимол дур намедонанд ва мегуянд, рақобати шадид севвуми феврал дар даври дуввум миёни Борис Тадич ва Томислав Николич мушоҳида хоҳад шуд.

Тадич - корманди идорист ва аз наздикони Зоран Ҷинҷич - нахуствазири пешини Сербистон аст, ки ҷонибдори сиёсатҳои Ғарб, бавижа, сиёсатҳои Амрико буд ва дар соли 2003 дар як суиқасд кушта шуд. Аммо Томислав Николич - раҳбари як ҳизби тундрав аст ва бо Руссия наздикии бештар дорад. Агар вай раисҷумҳур интихоб шавад, ба Маскав иҷоза хоҳад дод, ки аз пойгоҳҳои низомии Сербистон истифода кунад.

Бо вуҷуди чунин мавзеъгириҳо, ҳам Борис Тадич ва ҳам Томислав Николич хостори узвияти Сербистон дар Иттиҳодияи Аврупо мебошанд. Борис Тадич дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфт, натиҷаҳои ин интихобот наметавонад ба самтгириҳои Сербистон ба суи Иттиҳодияи Аврупо асари манфӣ гузорад:

"Ман бовар дорам, ки корзори интихоботӣ равандҳои сиёсиро дар Сербистон ба ақиб нахоҳад гардонд. Ба истилоҳи дигар, Сербистон набояд аз роҳ ба суи Аврупо баргардад, зеро мо интихоби дигаре надорем".

Аз суи дигар, Томислав Николич - рақиби аслии Тадич истиқлоли Косоворо он гуна, ки Аврупо мехоҳад, қабул надорад. Николич чунин мегуяд:

"Касе ошкоро ва рушан ба райъдиҳандагон нагуфтааст, ки мо метавонем ба узвияти Иттҳодияи Аврупо дароем, вале мо бояд Косоворо аз ин кор дур нигаҳ дорем. Борис Тадич низ аз гуфтани ин нукта худдорӣ мекунад, зеро шаҳрвандони Сербистон онро қабул надоранд. Ман яке аз аввалин одамоне ҳастам, ки ин корро намехоҳам. Ман ҳам хостори вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо ҳастам, вале Иттиҳодияи Аврупо бояд бипазирад, ки Косово дар таркиби Сербистон боқӣ мемонад. Ман орзу дорам, ки ҷонибҳо дар ин бора қарордод имзо кунанд. Муқаррароте вуҷуд дорад, ки кишварҳои номниҳод ё кишваре наметавонад хориҷ аз он пой гузоранд".

Аз нуҳ номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ 8 нафари онҳо мухолифи истиқлолияти Косово аз Сербистон ҳастанд.

Бо вуҷуди ин, ки раисҷумҳур дар Сербистон аз салоҳияти зиёд бархурдор нест ва наметавонад ҳукуматро ба истеъфо фиристад ё сиёсати хориҷии кишварро таъйин кунад, вале натиҷаҳои интихоботи рузи якшанбеи раёсати ҷумҳурӣ метавонад ба натиҷаҳои интихоботи ояндаи порламонӣ низ асар гузорад.

XS
SM
MD
LG