Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи «Регар-ТадАЗ» ба шаҳри Санкт-Петербург


Дастаи футболбозони "Регар-ТадАЗ"
Дастаи футболбозони "Регар-ТадАЗ"

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи 18-уми январ барои ширкат дар шонздаҳумин давраи Ҷоми қаҳрамонони футболи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Ин мусобиқот бо ширкати 16 даста – тимҳои қаҳрамони ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва, ҳамчунин, тими ОФК-и Белгради Сербия - дар чаҳор гурӯҳ аз 19-ум то 27-уми январ баргузор мешавад.

«Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи «В» 19-уми январ бо қаҳрамони Қазоқистон - тими «Оқтеппа»-и Оқтеппа, 20-уми январ бо қаҳрамони Озарбойҷон - тими «Хазар»-и Ленкоран ва 22-юми январ бо қаҳрамони Литва - «ФБК-Каунас» -и Каунас - рақобат хоҳад кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ, ки 23-юми январ доир мегарданд, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 25-уми январ сурат мегиранд. Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2008 дар бозии ниҳоӣ, ки 27-уми январ баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд.

Тими «Регар-ТадАЗ» баъдан ба Непал меравад

Ҷоми президенти Конфедеросиюни футболи Осиё

Конфедеросиюни футболи Осиё бар асоси қуръакашӣ гурӯҳҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC-2008-ро муайян кард.

11 тими қаҳрамони футболи кишварҳои қорра ба 3 гурӯҳ тақсим шуданд:

гурӯҳи А – қаҳрамони Непал (мизбони сабқат), «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон), қаҳрамони Покистон, «Абахани» (Бангладеш)

гурӯҳи В – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон), «Нагакорп» (Камбоҷа), «Тайван Пауэр Кампани» Тайван, мизбони сабқат)

гурӯҳи С – «Ишқобод» (Туркманистон), «Ратнам» (Шри-Ланка, мизбони сабқат), «Транспорт Юнайтед» (Бутан), «Канбавза» (Мянмар).

Бозиҳои марҳалаи аввал моҳҳои апрел-май дар Непал, Тайван ва Шри-Ланка аз ахири моҳи март то апрел баргузор мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷои дуввумро соҳибшуда ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ аз 19-ум то 21-уми сентябри соли 2008 барпо хоҳанд шуд.

Қаҳрамонҳои футболи Туркманистон, Бангладеш (ҳарду аз Ҷоми AFC даъват шудаанд) ва Мянмар нахустин бор дар ин мусобиқот штиркат хоҳанд кард.

Лозим ба тазаккур аст, ки тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода нахустин барандаи Ҷоми раиси AFC дар соли 2005 мебошад. Солҳои 2006-2007 ин Ҷомро тими «Дордой-Динамо»-и Норини Қирғизистон ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG