Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Тоҷикистон ба Филиппин меравад


Конфедеросиюни футболи Осиё бар асоси қуръакашӣ гурӯҳҳои марҳалаи муқаддамоти Ҷоми челенҷ кап ё Ҷоми даъвати AFC-2008-ро муайян кард.

16 тими мунтахаби кишварҳои «зуҳурёфта» ба 4 гурӯҳ тақсим шуданд:

Гурӯҳи А: Шри-Ланка, Тайван (мизбони сабқат), Покистон, Гуам

Гурӯҳи В: Тоҷикистон, Бруней, Филиппин (мизбони сабқат), Бутан

Гурӯҳи С: Қирғизистон (мизбони сабқат), Бангладеш, Афғонистон, Лаос

Гурӯҳи D: Непал (мизбони сабқат), Фаластин, Камбоҷа, Макао.

Бозиҳои марҳалаи аввал моҳҳои апрел-май дар Тайван, Филиппин, Қирғизистон ва Непал доир мегарданд. Ғолибони гурӯҳҳо ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва дар маҷмӯъ 8 даста барои дарёфти Ҷом талош хоҳанд кард. Чаҳор тими миллӣ - Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар ва Ҳиндустон (мизбони сабқат) ба сурати автоматӣ ба марҳалаи ниҳоӣ, ки аз 30-юми июл то 10-уми август дар Ҳиндустон баргузор мешавад, хоҳанд расид.

Лозим ба тазаккур аст, ки тими миллии Тоҷикистон нахустин барандаи Ҷоми даъвати AFC дар соли 2006 дар Бангладеш мебошад.

Қаҳрамонони Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 дар Қатар роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG