Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксари нашрияҳои ғарбӣ имрӯз сари мавзӯи ҷараёни воқеъот атрофи қазияи Шӯрои Бритониё дар Русия таваҷҷӯҳ кардаанд.

Рӯзномаи «Гардиан»-и чопи Лондон навиштааст, ки муносибатҳои Русияву Бритониё ба даври навӣ ва хеле ҳам махуф ворид шудааст. Ба навиштаи рӯзнома, мақомоти расмии Бритониё аз сӯи хадамоти амниятии Русия мавриди ҳарос қарор додани кормандони руси ин Шӯро дар Русияро маҳкум кардаанд. «Гардиан» менависад, хадамоти амниятии Русия писари Нила Канок, корманди дафтари Шӯрои Бритониёро бо ҷурми рондани мошин ба қавле дар ҳолати мастӣ боздошт кардаанд. Ҳамчунин навиштааст, кормандони Шӯро дар Санкт-Петербург ва Екатеринбург шикоят кардаанд, ки кормандони хадамоти федеролии амният ва вазорати дохилаи Русия чанде аз онҳоро мавриди пурсиш қарор дода ва иҷозаи ба хонаҳояшон баргаштан надодаанд.

Рӯзномаи дигари инглисии «Дейли телеграф» матлаби марбут ба мушкилоти муносиботи Маскаву Ланданро «Бритониё ва хирси хашини русӣ» унвон кардааст. Рӯзнома навиштааст, ҷараёни ахири воқеъот атрофи баста шудан ва мавриди ҳарос қарор додани командони Шӯрои Бритониё далели муборизаҳо барои ҳукумат дар Кремл аст, ки қабл аз рафтани Путин аз мақоми президентӣ шурӯъ шудааст. Ва суол гузоштааст, ки пушти ин шовинизми дағалонаи Кремл чӣ нуҳуфтааст ва низ тахмин мезанад, ки шояд сабаби ин, бадбинии Путин дар муқобили Борис Березовский бошад.

Рӯзномаи олмонии «Зюдойче Сайтунг» хабар додааст, ки садҳо нафар мардуми Укроин дар назди консулгарии Лаҳистон дар шаҳри Лвов ҷамъ омада, аз ин сафорат иддаои ба зудӣ дарёфт кардани раводид ба қаламрави Итиҳоди Аврупоро кардаанд. Ба навиштаи рӯзнома, ҳамоишгарон ба таври рамзӣ дар назди ин консулгарӣ деворҳои бетонӣ бунёд намудаанд. Ба эътиқоди нашрия ба дунболи он, ки моҳи декабри соли гузашта Лаҳистон ба қарордоди Шенген шомил шуд, ҳазорҳо сокини ҷумҳурии Укроин имкони кор дар он тарафи марз, дар кишварҳои Аврупоро аз даст додаанд.

Аммо нашрияи «Фигаро»-и чопи Порис хабар додааст, ки Ҷорҷ Фреш, узви ҳизби сотсиалистии Фаронса ва раҳбари минтақаи Лангедок-Руссийон, тасмим дорад, ки дар Монпеле муҷассамаи Владимир Ленинро гузорад. Рӯзнома навиштааст, ки Ленин яке аз бузургтарин одамоне ҳаст, ки дар қарни гузаштаи 20 нақши худро гузоштааст. Ва «Фигаро» менависад, оқои Фреш бар ин тасмими худ далел меорад, ки мо шоҳиди дуршавии ҷомеъа аз сиёсат ҳастем ва гузоштани муҷассами Ленин ҷавононро водор мекунад, ки дар бораи таърихи сиёсӣ андеша кунанд.

Ва рӯзномаи «Ди велт»-и Олмон хабар додааст, ки дар Олмон навраси 16-соларо барои ислоҳ шудан ба Сибири Русия фиристодаанд. Ба навиштаи нашрия ин ба дунболи он сурат гирифтааст, ки Роланд Кох, сарвазири заминҳои федеролии Гесен мавриди маъракаи қаблазинтихоботии худ тақозо кардааст, ки ҷазои наврасони ҷинояткорро шадидтар кунанд. Рӯзнома афзудааст, навраси 16 солаи ҷинояткор маҷбур аст, ки дар Сибир, дар шароити сангини сармо бояд, паи ислоҳи худ шавад, зеро дар ватани худ ӯ ҳушдорҳои батакрор ва иқдомҳои ислоҳ шуданро сарфи назар карда, дар натиҷаи амалҳояш чанд нафари калонсол маъюб шуда ва мудом модарашро азият медодааст.

XS
SM
MD
LG