Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилои инқилобҳои рангаӣ баъд аз чаҳор сол


Раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ

Раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ

Интихоботи ҳафтаи гузаштаи Гурҷистон ба мухолифини давлати ин кишвар нишон дод, ки Михаил Саакашвилӣ "як фарди мутаккабири золим" ва, бо муболиғаи мухолифин, "беҳтар аз Владимир Путин набудааст".

Бо кандани болҳои Михаил Саакашвилӣ ҳарифони ӯ умедворанд, ки дар интихоботи охири ин моҳ порлумони Гурҷистонро аз худ мекунанд. Ва шояд ба ин орзуяшон мерасанд. Зимнан дар Укроин як дӯсти дигари худнамои Ғарб Юлия Тимошенко тавонист, вакилони мардумиро моил созад, то ӯро дигарбора нахуствазир интихоб кунанд. Ва ба пешбинии талхи рақиби барканорашудаи ӯ - Виктор Януковичи Русиягаро акнун Укроинро “муҳокимаву, ҷанҷолу бӯҳронҳо” интизоранд. Шояд Янукович ҳам боз ба ҷойи пешини худ баргардад.

Ин хабарҳо аз тарафи дигар хубанд, зеро баёнгари демократия, баҳсу рақобатҳои зиндаву озод дар ду кишваре ҳастанд, ки бо тазоҳуроти мардумӣ ба ҳукмронии ноодилонаи пасошӯравӣ хотима доданд. Инқилоби садбаргии Гурҷистон дар соли 2003 ва инқилоби норанҷии Укроин дар як соли баъди он натиҷаҳои гиҷкунандае доштанд. Онҳое, ки тазоҳургарони ҷасур дар хиёбонҳои сарди Киевро таҳсин мегуфтанд, чанд моҳ баъд бо дидани моҷарои раисҷумҳур Виктор Юшенко ва ҳампаймони инқилоби норанҷиаш Юлия Тимошенко гиҷу ҳайрон шуданд. Ин моҷарои ошкор дар назди ҷомеъа сабаби бозгашти гунаҳкори асосии тазоҳуроти мардумӣ Виктор Янукович ба қудрат шуд, ки ин дар Укроин як ақибнишинӣ, вале фоҷеъа набуд.

Ақибнишии Гурҷистон оҳистатар, вале ноумедиҳо аз он рушантар буд. Моҳи ноябри гузашта хайрхоҳони Михаил Саакашвилӣ аз шеваи бераҳмонаи саркӯбии тазоҳуроти мухолифони ӯ, ки бо гази ашковару калтакҳои резинӣ пароканда карда шуданд, ба ваҳшат афтоданд. Аммо Саакашвилӣ дар рӯзҳои гузашта барои эҳёи номи худ интихобот баргузор кард, ки ҳарчанд поку покиза сурат нагирифт, вале дорои рақобати воқеъӣ буд.

Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин, ва Юлия Тимошенко, нахуствазири ин кишвар

Вале ба ҳар сурат инқилобҳо ин ду кишварро хубтар кардаанд, ки на бадтар. Барои онҳое, ки ҳанӯз ҳам мепурсанд, воқеъан ошӯбҳои садбаргиву норанҷӣ суду манфиати пойдор оварданд, меарзад, то фазои Укроину Гурҷистонро бо дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ қиёс кунем, ки ҳокимони кӯҳнаашон ба курсиҳо часпидаанд ва ё аз роҳи пешгифтаи худ қафо гаштаанд ба мисли Қирғизистон, ки баъди интихоботи ахири ноодилона акнун соҳиби порлумони яккаҳизбӣ шуд.

Ҳангоми муқоисаи Маскаву Киев дар нигоҳи аввал монандиҳо ба назар меоянд, ки гӯяндаи рушди босуръат, вале ноҳамвори иқтисодии онҳо ҳастанд. Вале агар ду рӯзӣ дар ҳар ду шаҳр бимонед, фарқиятро ба хубӣ эҳсос мекунед. Дар Маскав фазои тарс ҳукмфармост ва баёнгари он аст, ки ҳар нафаре, ки Владимир Путинро ба чолиш мекашад, рӯзҳои нохушоянде ба сараш хоҳад омад. Аммо дар Киев ин гуна фазо вуҷуд надорад.

Дуруст аст, ки хиёбонҳои шаҳри Тбилисӣ баъди моҳи ноябру саркӯбии шитобкоронаи мухолифон шоҳиди лаҳзаҳои тарсноке шудааст, вале Гурҷистон барои сиёсатмадори дигарандеш ва хабарнигорони Озарбойҷон аз назари озодиҳо биҳишт ба ҳисоб меравад. Ҳамингуна бо вуҷуди тамоми сардаргумиҳо инқилобҳои садбаргиву норанҷӣ натиҷаҳои фаровони хуберо низ дар пай доштаанд.

XS
SM
MD
LG