Пайвандҳои дастрасӣ

Косово Шӯрои Амниятро дар бунбаст гузоштааст


Русия ба Косово ҳушдор дод, ки агар ин вилояти Сербия худро мустақил эълон кунад, ҳаргиз узви Созмони Милали Муттаҳид ё дигар ниҳодҳои байнулмилал нахоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё дар муқобили Русия қарор гирифта, мегӯянд, аз истиқлолияти Косово пуштибонӣ хоҳанд кард.

Сарвазири Косово, Ҳошим Тoчӣ дар посух ба изҳороти нави Маскав хостори идомаи гуфтушунид шуд, аммо афзуд, Косово ба зудӣ тасмими ниҳоӣ хоҳад гирифт. Эҳтимол меравад, ин эълон дар охирҳои моҳи феврал ё аввалҳои март садо хоҳад дод. Раиси ҷумҳури Сербия, Борис Тадич, дар ҷаласаи ахири Шӯрои Амнияти Созмони Милал бори дигар гуфт, кишвараш ҳаргиз истиқлолияти Косоворо нахоҳад пазируфт.

Ба ин тартиб, ҳам ду тарафи Сербия ва Косово ва ҳам қудратҳои ҷаҳонӣ, дар ниҳояти кор -- Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар масъалаи Косово бо бунбаст рӯбарӯянд ва фазои гашти онҳо хеле маҳдуд аст.

Охирин хабаре ки дар робита ба мавзӯъ расидааст, боз ҳам суханони президенти Русия, Владимир Путин аст, ки мегӯяд, аввалан ҳалли мушкили Косово бояд бо ризоияти комили ҳарду ҷониб ба амал ояд ва дигар ин ки ҳама гуна ҳал дар амалияи байнулмилал таҷрибаеро ба вуҷуд хоҳад овард. Ин ишорае ба гуфтаи қаблии уянд, ки бояд ҳамин гуна ба Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ дар Гурҷистон истиқлолият дода шавад.

Аммо, тавре коршиносон мегӯянд, фарқ ин ҷо хоҳад буд, ки ба зудӣ Сербия ва Косово шомили Иттиҳоди Аврупо шуда, марзи онҳо хосияти рамзӣ касб хоҳад кард, аммо Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ майл доранд ба Русия ҳамроҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG