Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон Косоворо раҳо намекунад


Раиси ҷумҳурии Сербистон Борис Тадич ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, кишвараш ҳеҷ гоҳ истиқлолияти Косоворо ба расмият нахоҳад шинохт вале барои роҳ надодан ба истиқлолияти он аз нерӯ ҳам истифода нахоҳад кард.

Борис Тадич гуфт, Сербистон “тамомияти арзӣ ва истиқлоли худро бо истифода аз тамоми роҳҳои демократӣ, далоили қонунӣ ва дипломатия” ҳифз хоҳад кард. Дар айни ҳол нахуствазири Косово Ҳошим Точӣ гуфт, ин минтақа омодаи эъломи истиқлоли худ аст ва ба зудӣ қарор қабул хоҳад кард. Виталий Чуркин сафири Русия дар Созмони Милал гуфт, Косово узви ин созмон нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG