Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтарҳои Шӯрои Бритониёро бастанд


Шӯрои Бритониё имрӯз гуфт, ки фаъолияти дафтарҳояш дар шаҳрҳои Санкт Петербург ва Екатеринбургро мутавақиф кардааст. Мудири иҷроияи шӯро Мартин Девидсон дар шаҳри Ландан гуфт, мақомоти Русия идомаи фаъолияти дафтарҳои минтақавии Шӯрои Бритониёро “номумкин” кардаанд. Рӯзи чаҳоршанбе кормандони Хадамоти Амнияти Федеролии Русия ФСБ ба бозпурсии кормандони руси Шӯрои Бритониёро пардохтаанд.

Мақомоти Русия моҳи гузашта гуфтанд, ки дафтарҳои минтақавии Шӯрои Бритониё, ки як муассисаи фарҳангист, ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд ва дастур доданд, то онҳо фаъолияташонро қатъ кунад. Аммо шӯро аз иҷрои дастури мақомот сарпечӣ кард.

XS
SM
MD
LG